Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи маллоҳони бритониёӣ


Маллоҳони раҳошудаи бритониёӣ изҳор карданд, ки ҳангоми боздошт дар обҳои Ироқ қарор доштанд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъи байнулмилалӣ ба нируҳои эронӣ таслим шудаанд. Маллоҳон гуфтанд, ки пайваста таҳти фишори равонӣ қарор доштанд. Яке аз маллоҳон Феликс Карман дар нишасти хабарӣ дар пойгоҳи неруҳои дарёии Бритониё дар Дейвон гуфт:


Тамоми муддати маҳбусӣ мо мавриди фишори пайвастаи равонӣ қарор доштем. Моро маҷбур карданд, ки либосҳои худро бикашем ва ба мо поҷома доданд. Чанд шаби минбаъдаро мо дар ҳуҷраҳои сангини алоҳида сипарӣ кардем, ки тақрибан панҷ метри мураббаъ масоҳат дошт. Мо дар болои ғарами курпаҳо мехобидем. Моро дар инзивоъи комил нигаҳ медоштанд.


Ба гуфтаи маллоҳони бритониёӣ, мақомоти Эрон таҳдид кардаанд, ки дар сурати эътироф накардани марзшиканӣ онҳо ба 7 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд. Имрӯз Флоти дарёии Бритониё ба тафтиши сабабҳои боздошти 15 маллоҳи кишвар дар халиҷи Форс аз сӯи низомиёни Эрон шурӯъ кард. Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, мавзӯъ дақиқ пажуҳиш мешавад ва аммо нафаре аз маллоҳон барои узрхоҳӣ аз тариқи телевизиони Эрон муҷозот нахоҳад шуд.
Маллоҳони Бритониё дирӯз аз Теҳрон ба Лондон парвоз карданд ва онҳоро ба таври оҷил ба як пойгоҳи низомӣ дар ҷанубу ғарби Бритониё интиқол доданд. Аз ин пеш Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон дар бораи бахшиш ва озод кардани маллоҳон хабар дод ва гуфт, ки ин ҳадяи Эрон ба мардуми Бритониёст.
XS
SM
MD
LG