Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Арӯсу домод бояд ҷавон бошанд»


коромӯзи Радиои Озодӣ бо ин суол ба мутахассисон муроҷиат намуд. Фарқи синну сол миёни арӯсӯ домод чанд сол бояд бошад? Маҳинаи Даврон

Наим Маҳмадуллоев, Равоншинос: Мард бояд аз зан чор сол калонтар бошад. Ин тадқиқоти сотсиологӣ аст, ки исбот карда шудааст. Аз ҷиҳати инкишоф, ҳам физиологӣ ва ҳам маънавӣ занҳо тезтар рушд мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз ҷиҳати равонӣ зан аз 19 ва мардон аз 23 солагӣ барои издивоҷ мувофиқ меоянд. То ин синну сол, интихоб бештар аз ҷиҳати хусусиятҳои зоҳирӣ сурат мегирад. Масалан, духтарон писаронеро интихоб мекунанд, ки сурати зебо доранд ва ё писарон низ духтаронеро интихоб мекунанд, ки симои зебо доранд, яъне ба тарафи мъанавии ин масъала камтар аҳамият медиҳанд. Ва баъд аз ин синну сол бештар ба тарафи маънавӣ аҳамият медиҳанд.


Назари ҷавондухтарон: "Тире беҳ, ки пире"


Шамсиддин Қурбонов, Раиси вақти маркази миллии танзими оила ва феълан, сардори раёсати Вазорати беҳдошт: Синни аз ҳама мувофиқ барои таваллуди фарзанд аз 20 то 34 солагӣ аст. Беҳтар аст, барои занон, ки баъд аз бист шавҳар кунад. Аммо мутаассифона, имрӯз бештари ҷавондухтарон зери синни бист ба шавҳар мебароянд. Вақте ман издивоҷ кардам, ман 24 сола будам ва оилаам 23 сола.


Назари ҷавонписарон: "Аз ҳабдаҳсола боло намегирам!"


Мамлакат Зоҳидова, Раҳбари хонаи ақди никоҳи Душанбе : Синну соли наварӯсон аз ҳабдаҳ сар мешавад, синну соли домодон 19-20. Манзурам, аксарияти онҳоест, ки ба хонаи ақди никоҳ меоянд. Худи ман дар 21 солагӣ ба шавҳар баромада будам ва шавҳарам аз ман панҷ сол бузургтар аст.
XS
SM
MD
LG