Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати хабарнигори радиои Ироқи Озод дар Бағдод


Ин акси хабарнигори Радиои Ироқи Озод (Бахше аз Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ) Хамойил Халаф мебошад, ки рӯз панҷшанбе дар Бағдод кушта шуд. Халаф дар ду рӯзи охир бенишон буд ва тарси он мерафт, ки рабуда шудааст.

Хонуми Халаф аз соли 2004-ум ҳамкориро бо Радиои Ироқи Озод шурӯъ карда буд ва аз рӯйдодҳои ҳаррӯзаи Ироқ гузориш медод. Президенти Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Ҷефф Гедмин бо дареғ аз ҳалокати хабарнигор чунин гуфт:

"Вай як гузоришгари боистеъдод буд бо собиқаи журналисти телевизион. Вай ҳаёти худро дар хатар мегузошт, то барои мардуми Ироқ хабар ва иттилоъ бирасонад. Фикру дуъои ҳамаи мо, кормандони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ва бисёре аз ҳамкорони мо дар сартосари ҷаҳон дар ин лаҳзаҳо бо ӯ ва хонаводаи ӯст."

Хонум Хамайил Халаф соҳиби се фарзанд буд. Кумитаи дифоъ аз журналистон Ироқро хатарноктарин макон барои журналистон номидааст.
XS
SM
MD
LG