Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блэр: "Маллоҳон бидуни созиши махфӣ бо Эрон озод шудаанд"


бунгоҳи хабарии Радиои Озодӣ Тони Блэр аз бозгашти маллоҳони дар Халиҷи Форс боздоштшудаи бритониёвӣ хуш истиқбол кард

Сарвазири Бритониё дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Лондон гуфт, ки маллоҳон бидуни ягон музокироту муомилот ваё созиши махфӣ бо ҷониби Эрон озод шудаанд:

Мехоҳам бигӯям, ки мо ба раҳоии низомиёнамон хело барвақттар аз интизороти бисёриҳо муваффақ шудем ва зимнан мехоҳам хоса қайд кунам, ки мо ба ин бидуни ягон созиш бо Ирон, бидуни тиҷорат ва бидуни ягон мувофиқаи пинҳонӣ муваффақ шудем.

Ба гуфтаи Тони Блэр, тайи ду ҳафтаи ахир ба хотири раҳоии маллоҳони дар Халиҷи Форс боздоштшуда мақомоти Бритониё аз стротегияи дугона кор гирифтанд - аз як сӯ, онҳо барои музокирот бо режими Ирон боз буданд ва аз ҷониби дигар, аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида болои Теҳрон фишор оварданд.
Маллоҳони бритониёвӣ, аз ҷумла, як хонум, имрӯз тавассути ҳавопаймо аз Теҳрон ба Лондон парвоз карданд. Ҳавопаймо нисфирӯзии панҷшанбе дар як пойгоҳи низомӣ воқеъ дар ҷанубу ғарби Англия фуруд омад. Ин бегаҳ маллоҳон бо аҳли хонаводаҳои худ пайвастанд.
Дирӯз Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон эълом дошт, ки 15 маллоҳи дар Халиҷи Форс боздоштшудаи бритониёвӣ бахшида ва озод мешаванд. Ин, ба гуфтаи Аҳмадинажод, як ҳадяи Эрон ба мардуми Бритониёст. Баъдан дар як маросим раиси ҷумҳури Эрон бо ҳар маллоҳ алоҳида хайрбод гуфт. Мақомоти Эрон иддао доштанд, ки маллоҳони бритониёвӣ ғайриқонунӣ аз марзҳои обии кишвар убур кардаанд. Ва аммо Ландан ба такрор мегуфт, ки боздошти маллоҳон аз сӯи марзбонҳои эронӣ дар обҳои Ироқ сурат гирифтааст.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, таниши миёни Теҳрон ва Ландан дар робита ба боздошти маллоҳони бритониёвӣ дар Халиҷи Форс вазъи байнулмиллалиро бештар муташанниҷ кард ва қимати нафтро дар бозори ҷаҳонӣ боло бурд.
XS
SM
MD
LG