Сафири ИМА дар Тоҷикистон баргузории интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон дар се ҳавзаи интихоботии ин кишварро ғайриозод арзёбӣ кардааст. Трейси Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки дар як нишасти хабарӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон ва низ авзоъи минтақа ва ҷаҳон сӯҳбат мекард, гуфт, муҳит ва иқлими созгор барои ширкати ҳама аҳзоби сиёсӣ дар кишвар мавҷуд набуд.
Ҳамзамон, сафири Амрико роҷеъ ба ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар соҳаи ҳидроэнержӣ ва ширкати Амрико дар сохтмони нерӯгоҳҳои Тоҷикистон гуфт, ки аксари кулли ширкатҳои бузурги амрикоӣ, ки дар ин арса фаъолият мебаранд, хусусианд ва вобастаи давлат намебошанд. Ва ин ширкатҳо замоне ба сармоягузорӣ оғоз мекунанд, ки шароит мусоид бошад. Сафир гуфт, вале дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон фасод имкон намедиҳад, ки як чунин ширкатҳо вориди сармоягузорӣ дар ин соҳаи муҳим дар минтақа шаванд.
Хонум Ҷейкобсон овозаҳоро дар мавриди қатъи кӯмакҳои фаннии кишвараш ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баъди вуруди онҳо дар ҳайъати Кумитаи амнияти давлатӣ бепоя хонд. Вай гуфт, ҳамкориҳои низомӣ ва амниятии Амрико бо дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохила, гумрук ва Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар саҳти хуб қарор дорад, аз ин хотир, ин кӯмакҳо минбаъд низ идома хоҳад дошт.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, иқлими Тоҷикистон барои равнақ ва ривоҷи сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб ба даст овардани фоида мувофиқ аст. Вале вуҷуди бархе аз мавонеъ, аз ҷумла, тақозои раводид ё визои дубора аз атбои хориҷӣ, ки вориди Тоҷикистон шуда нияти мусофират ба қаламрави вилояти Бадахшонро доранд, ба ин кор халал мерасонад. Сафир мегӯяд, ки чунин меъёр ба ҳеҷ гуна меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе