Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афшин: "Умед дорам рӯзе Наврӯзро дар Эрон ҷашн гирам!".


Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз овозхони ҷавони эронӣ Афшин сахт гирифтор аст. Дар давоми ду ҳафтаи ҷашн ӯ бояд дар маҳфилҳои идонаи чандин кишвари аврупоиву осиёӣ ширкат кунад. Вай мегӯяд, барои аксари овозҳонҳои эронӣ даромад аз контсертҳои наврӯзӣ хеле муҳим аст, зеро пайдо намудани ҷои по миёни ҳунармандони эронӣ дар ғурбат осон нест:
"Чун мо дар ғурбат ҳастему аз тарафи эрониҳои муқими Эрон ҳимоят намешавем: Онҳо СД-ҳои моро харида наметавонанд, бозор хеле кучак аст ва даст хеле зиёд аст. Ҳар сароянда бояд як рақобати кӯчаке кунад, то рӯзашро гузаронад. "

Афшин таассуф мехӯрад, ки ӯ ва садҳо ҳазор эронии муҳоҷир наметавонанд Наврӯзро дар Эрон бо рақсу сурур таҷлил намоянд.
"Дар Эрон замоне, ки мо мехондем мусиқӣ қатаған буд. Ва ёдам ҳаст борҳо маро гирифта буданд, бурданд боздоштгоҳ ба хотири ин, ки дар ҷашнвораҳо гитара менавохтам. Хидмататон арз кунам, ки беш аз 12 сол аст, Эронро тарк кардам, мутаассифона, ал-он дар ғурбат зиндагӣ мекунам ва бузургтарин орзӯям ин аст, ки рӯзе баргардам ба сарзаминам, зеро ҳеҷ ҷои дунё мисли ватани одам намешавад."

Гуфтаҳои Афшинро овозхони дигари ҷавон Нимо тасдиқ мекунад. Нимо мегӯяд, ки меҳру муҳаббат ба мусиқиву ҳунар ӯро ҳам ба тарки ватан маҷбур кардааст:
" Ҳанӯз ҳам маҳдудият ҳаст, вале ҷавонон метавонанд мусиқии муосир, мусиқии поп иҷро кунанд, ба истилоҳ "алтернатив мюзик" иҷро кунанд. Он мавқеъ чунин фурсатҳое аслан набуд. Мо бил-иҷбор дар зеризамин: зеризамини хонаҳои дӯстонамон ҷамъ мешудем. Ҳамон ҷо даври ҳам бо кейборду гитару ҳар созе, ки доштем оҳангҳоямонро рӯи кассета, рӯи навор забт мекардем ва он даст ба даст мегашт ва хеле сареъ дар шаҳр пахш мешуд."

Хонум Ширини Фомилӣ дар солҳои аввали инқилоби Исломӣ донишҷӯй буд. Ӯ мегӯяд, замоне баъзе рӯҳониён аслан мухолифи таҷлили Наврӯз буданд:
"Рӯҳониёни ифротгарову бунёдгаро моил буданд, ки асосан иди Наврӯзро камранг кунанд, ва идҳои дигаре мисли иди фитр ва иди қурбонро барҷаста кунанд, бо баҳонаи ин , ки мо дар ҷанг ҳастем, шаҳид додаем, вале ҳар чӣ талоши онҳо бештар мешуд, талоши мардум ҳам ба таври куллӣ ба хотири алоқае, ки ба иди Наврӯз доранд, бештар мешуд."

Замони инқилоби Исломӣ Андӣ овозхони арманитабори эронӣ ба ИМА сафар карда буд, то ҳунари худро дар назди устодони рок сайқал диҳад.
Вале мавҷи муҳоҷироне, ки баъди инқилоби Исломӣ ба Амрико омад, ӯро водор кард, дар хидмати ҳамватанон бошад. Андӣ мегӯяд, сарфи назар аз дурӣ аз ватан эрониҳои ғурбат завқи нозук ва муҳаббат ба мусиқиву оҳангҳои асили эрониро ҳифз намудаанд.

"Яъне ин тавр нест, ки агар рафтиву мисли Майкл Ҷексон шудӣ, табиатан эрониҳо ба унвони сарояндаи эронӣ қабулат мекунанд. Дуруст аст, маъруф мешавӣ, вале маҳбуб намешавӣ. Маҳбубият байни эрониҳо бо оҳангҳои эронӣ ва бо фарҳанги эронӣ аст."
Вале ташкили ҳунарнамоиҳо дар толорҳои хориҷӣ ва аслан пайдо намудани шунаванда дар ғурбат кори осон набуд ва ҳанӯз ҳам талоши зиёде мехоҳад.
Йонас Силемарк раиси ширкати мусиқии Warner Music Scandinavia , ки аз ҷумла нашри дискҳои мусиқии овозхонҳои эронӣ ва баргузории ҳунарнамоиҳои онҳо дар Аврупову Амрикоро сарпарастӣ кардааст, мегӯяд, ҳунармандони эронӣ дар саҳнаи олам ҷои худро ёфтанд. Ба шарофати фанновариҳои ҷадид монанди интернет як оҳанг дар як рӯз тамоми оламро давр мезанад. Бар илова ӯ мегӯяд, дар замони ҷаҳонишавӣ аҳли олам дар навбати аввал ба салиқаи ҳунарманд ва оҳангҳои дилнишин таваҷҷӯҳ дорад, на ба забон.
"Шаш сол пеш мо ҳамкорӣ бо Ҳелена Папаритсу ва гурӯҳи Антикро шурӯъ намудем. Ин гурӯҳ фақат ба забони юнонӣ мехонд, вале мо дар саросари Аврупо маъруф шудем. Хулоса, барои муваффақ шудан дар Аврупо ва ё Шветсия ҳатмӣ нест, ки Шумо танҳо ба забони англисӣ ва шведӣ ҳунарнамоӣ кунед."

Бале, овозхонҳои эронӣ ҳунари эрониро дар ғурбат ҳифз намуданд ва сарфи назар аз он, ки дар ватан хонда наметавонанд, онҳо кумак кардаанд, оҳангҳои эронӣ дар саросари олам садо диҳад ва ҳадди ақалл дар рӯзҳои Наврӯзӣ эрониҳои ғурбат худро дар хона эҳсос намоянд.
Аммо ҳамсӯҳбатамон Ширини Фомилӣ мегӯяд, боз ҳам эрониҳо умед доранд, ки рӯзе Наврӯзро дар ватан ҷашн мегиранд.

"Дар хориҷ аз кишвар ин ҷашн дар ҳақиқат дар даруни мост. Байни эрониҳо, дар дохили хонаҳост, ва фақат бо баргузории констсертҳо саъй мекунанд, ки ба ин ҷашн равнақ бидиҳанд. Дар Эрон ҷашн дар ҳама ҷост, на танҳо дар хонаҳо, дар кӯчаву бозор... ба ҳар ҷо, ки биравед идро мебинед, дуруст мисли Тоҷикистон. "

Вобаста

XS
SM
MD
LG