Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи ягона читгари тоҷик


Истаравшан Дар аҳди қадим вақте, ки матоъҳои пурнақшу нигор набуданд дар шаҳрҳои калонтарини Осиёи Марказӣ оилаҳои читгар бо истифодаи қолабҳои махсус ва рангҳое, ки аз растанӣ, пӯсти меваву решаҳои дарахтон таҳия мешуданд, матоъҳои сафеди пахтагинро оро медоданд.

Аммо бо мурури замон дар Осиёи Марказӣ косибони читгар аз байн рафтанд ва имрӯз танҳо дар шаҳри Истаравшан ягона оилаи Усто Мирамин Саидофи читгар боқӣ мондааст.

«Ин нақшу нигори матоъ барои либос, ороиши хона, дастархон, барои кӯрпаву кӯрпача ва ҳар чизе ки ба инсон барои ҳавасаш лозим буд, истифода мешуданд.»

Усто Мирамин Саидов ҳунари читгариро аз падару бобояш омӯхта ба ӯ аз онҳо беш аз 1000 қолиб мерос мондааст, ки қадимтарини он таърихи беш аз 300 сола дорад. Қолабҳо шакли гулҳои гуногунро дошта тариқи онҳо матоъ ба як қолини хеле забои пурнақш табдил меёбад. Ӯ мегӯяд, дар гузашта аз рангҳои сиёҳ сафед, сурх ва зарду сабз истифода мекардаанд аммо то имрӯз тарзи таҳияи ранги сабз аз байн рафтааст ва Усто Мирамин танҳо бо омода кардани 4 ранги боқимонда читгарӣ мекунад. Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд матоъ дар ҳар деги ранг алоҳида ҷӯшонида мешавад, аммо ҳар як гули он танҳо ранги пешбинӣ намудаи косибро ба худ мегираду халос ва сифати худро солҳои тулонӣ нигоҳ медорад.

«Матоъи сафади пахтагинро ба маҳлули махсус меандозем ва баъд матоъ маҳлулро ба худ мегирад, баъд аз он ранги сиёҳро ба матоъ мегузаронем ва ҳаминтавр танҳо ҳамон ҷойҳое, ки маҳлул молида шудааст вақти ҷӯшонидан рангро ба худ мегирад ва дигар ҷойи матоъ бетаъғир боқи мемонад. Баъдан рангҳо ки табиӣ ҳастанд дуру дароз сифаташонро гум намекунанд. »

Усто Мирамин бо ҳунари беназири худ дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷоизаҳои зиёд гаштааст:

«Ахиран ман дар намоишгоҳи Юнеско дар Париж ширкат варзидам ва соҳиби шоҳҷоиза шудам. »

Ба гуфти ӯ, таваҷҷӯҳи хориҷиён ва дӯстдорони ҳунари мардумӣ ба пешааш зиёд аст ва бо ин ҳунар дар баробари ба даст овардани шӯҳрату эътибор зиндагиашро низ таъмин мекунад. Аз баски тамоми накшу нигор ва ҳатто хатҳои хурдтарин дар матоъ бо даст кашида ва муҳр зада мешаванд, як матоъи дарозиаш 3 ва бараш як метр дар 17 рӯз омода шуда бо нархи барои мардуми маҳали гарон фурӯхта мешудааст. Барои мисол нархи як даструймол аз 15 то 20 сомонӣ аст.

«Имрӯз харидори ин одамҳое ҳастанд, санъати қадимаи мардуми худро дӯст медоранд. Ё ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсули ҳунарамонро пешниҳод мекунем ва аз осорхонаҳои дунё харидорӣ мекунанд.»

Усто Мирамин мегӯяд, ҳарчанд читгарӣ пешаи душвор ва захматталаб аст аммо ба хотири аз байн нарафтанаш ба он машғул ва шогирдонро тарбия мекунад. Ӯ дар хонааш бо ташаббуси дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ мактаби омӯзиши читгариро таъсис додааст ва имрӯз дар баробари фарзандону наберагонаш ба тарбияи 5 шогирди дигар машғул аст.
XS
SM
MD
LG