Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиҳаи қонун дар бораи СҒҲ дубора баррасӣ мешавад


Порлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бозбинӣ хоҳад кард.


Асомуддин Саидов, раиси кумитаи байналмилалию созмонҳои ҷамъиятӣ ва итттилооти Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, аз сӯйи иддае аз вазоратхонаву ниҳодҳои Тоҷикистон ба порлумон пешниҳодҳо оид ба ворид кардани тағйирот дар бандҳои ҷудогонаи лоиҳаи қонуни Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ расиданд.


Ҷаноби Саидов афзуд, феълан вакилони парлумон ин пешниҳодҳоро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд.
Зимнан, лоиҳаи қонуни мазкур аз муҳокимаи палатаи болоии парлумон - Маҷлиси Милли Тоҷикистон фаро хонда шуд. Вакили парлумон гуфт, агар ҳамтоёнаш лозим шуморанд, ки қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ такмил мехоҳад, имкон дорад, дар он тағйирот ворид шавад.


Қонуни Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 14-уми феврали соли ҷорӣ аз сӯйи парлумони Тоҷикистон қабул шуд. Аммо ин қонун мавриди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор кишварҳои аврупоӣ қарор гирифтаст, ки мегӯянд, ин лоиҳаи қонун фаъолиятҳои озоди ниҳодҳои ғайриҳукуматиро маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG