Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъвиқи баррасии шикояти "Боим" дар додгоҳи олии Русия


Додгоҳи олии Русия баррасии шикояти кассатсионии гурӯҳи муташаккили Иброҳим Сафаров, маъруф ба лақаби «Боим» ва ҳафт ҳамдасти ӯро то 19-уми апрел ба таъхир андохт.


Қарор буд, додгоҳи таҷдиди назар рӯзи панҷшанбеи 29-уми март ин даъворо муҳокима кунад.


Иброҳим Сафаров аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Маскав ба мӯҳлати 19 сол ба зиндон андохта шуд, ҳамроҳ бо ӯ шариконаш низ ба мӯҳлатҳои камтар аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ба иддаои додситонии Маскав ин гурӯҳи ҷиноӣ ба қаламрави Русия солона беш аз чоруним тонна ҳероин ворид мекарданд. Сабаби таъхир дар баррасии шикояти кассатсионӣ ба кор андохта шудани вакили мудофеи нав аст, ки бояд бо маводи парванда ошно шавад.


«Боим» авохири соли 2004 дар Русия боздошт гардид ва тибқи иттилоъи манобеъи пӯшида, Тоҷикистон то ҳол хостори интиқоли ӯ ба ин кишвар нашудааст.
XS
SM
MD
LG