Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба асли хеш?


ба дунболи раиси ҷумҳур афроди дигари баландпояи ҳукумат низ насаби худро иваз хоҳанд кард Коршиносон ҳадс мезананд

Сухангӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов гуфт, хости Эмомалии Раҳмон дар бораи навишта шудани ному насаби шаҳрвандон ба асли форсиашон, танҳо хислати тавсиявӣ дорад, на бештар аз ин.

Ӯ афзуд, ба шӯъбаҳои сабти санадҳои шаҳрвандӣ дастур дода шудааст, ки насаби тифлони навзодро бидуни пасвандҳои славянии «ев»-у «ов» ба қайд бигиранд, аммо ин амри ҳатмӣ нест, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, худ ихтиёр кунад, ки насаби вай ё фарзандаш чӣ гуна бояд садо диҳад.

Ҳафтае қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки мехоҳад минбаъд ному насаби вай на Эмомалӣ Раҳмонов, балки ҳамчун Эмомалии Раҳмон баён шавад.

Аммо ҳарчанд мақомоти расмӣ дар бораи тағйири насаби сардори давлат хабаре интишор накарданд, хадамоти матбуотии ӯ ва расонаҳои маҳаллӣ раиси ҷумҳурро Эмомалии Раҳмон ном мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, дар таҳаввулоти ҷудогона, раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамватанонашро танқид кардааст, ки вақҳои ахир нисбат ба забони русӣ беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд.
XS
SM
MD
LG