Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кулоб афсари марзбон зиндонӣ шуд


ХВ

Додгоҳи низомии гарнизони минтақаи Кӯлоб як афсари қисми марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро барои ҳаштуним сол равонаи зиндон кард. Ба гуфтаи қозии парванда Далер Холиқмуродов, афсари 23-солаи марзбон Рустам Ғайратов тибқи ду банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон - таҳрик ба худкушию суйистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам дониста шудааст. Ҳамин манбаъ афзуд, афсари марзбон як сарбози тобеъи худро ҳадафи танқиду таҳқири доимӣ қарор дода ӯро ба худкушӣ водор сохтааст.
XS
SM
MD
LG