Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блэр аз Эрон талаби озодии маллоҳонашро дорад


Нахуствазири Бритониё Тони Блэр ҳодисаи боздошти низомиёни нирӯҳои дарёии ин кишвар аз ҷониби Эронро дар обҳои Ироқ маҳкум кард ва гуфт, ки Теҳрон бояд дарк кунад, ки вазъияти баамаломада хеле ҷиддӣ аст.


Блэр зимни суханрониаш дар баробари хабарнигорон дар Берлин шоми дирӯз гуфт, ки ҳодисаи дастгир шудани 15 маллоҳи бритониёӣ аз ҷониби Эрон як амали ноҳақ ва иштибоҳӣ аст.


Вазири умури хориҷаи Эрон фиристодаи Бритонёро даъват намуда, эътирози ҳукумати кишварашро барои вуруди ғайриқонунии маллоҳон ба обҳои Эрон баён кард.


Мақомоти эронӣ мегӯянд, ки низомиёни боздоштшудаи бритониёӣ эътироф карданд, ки дар обҳои Эрон ҳаракат мекарданд.


Бритониё мегӯяд, ки гурӯҳи нирӯҳои дарёӣ бо назорати маъмулии об, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз убуру мурури ғайриқонунӣ ба хоки Ироқ машғул буданд, ки дар обҳои Шаттул Араб мавриди боздошт қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG