Валерий Виноградов-муовини шаҳрдори Маскав дар ҷаласаи ситоди муҳоҷирати шаҳрдорӣ эълон кардааст, ки дар Маскав маркази наве таъсис хоҳад шуд, ки вижаи муҳоҷирини кории кишварҳои хориҷӣ хоҳад буд. Ин марказ робитаи миёни корҷуён, яъне муҳоҷирини корӣ ва корхонаҳоеро, ки ба нируи корӣ ниёз доранд, таъмин мекунад.
Гузашта аз ин, маркази мазкур барои пайдо кардани ҷои иқомат, гирифтани бимаи беҳдоштӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои муҳоҷири корӣ зарур ёрӣ мерасонад. Ин марказ ҳамчунин бар раванди муҳоҷирати корӣ ва муносибати корфармо бо коргар назорат мекунад. Алексей Александров-яке дигар аз мақомоти шаҳрдории Маскав гуфтааст, ҳоло шаҳрдорӣ дар бораи табодули нируи корӣ санадеро барои имзо бо Қирғизистон омода мекунад. Тоҷикистон ва Узбакистон низ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба ин қарордод ҳамроҳ мешаванд.
Шаҳрдории Маскав ҳоло ба ҷамъоварии пешниҳодҳо дар бораи сохтори чунин марказ шуруъ кардааст. Баъд аз ду ҳафта бо назардошти пешниҳодҳои воридшуда маркази нав таъсис ва ба фаъолият оғоз мекунад. Бино ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ ин марказ дар оянда тадриҷан ба Ожонсии ғайридавлатии муҳоҷирати корӣ табдил хоҳад ёфт.

Конститутсия моли мардум аст на ин ки молии шахсии президентхо.
С. Созмони П. Пасипардагии А. Авлоди Д. Диктаторхо
Бародари калони Адаш Истад Худованд гузаштагони шуморо рахмату магфират кунад махсусан хамсари азизатонро...Хеле маро афсурда кард вазьияти шумо Худованд ба шумо сабр ва ба фарзанди маьюбатон шифои комил ато кунад, Эй дилсузи миллат ва Точики чигарсухта....
Навбати рохбарии Пашинян, ки бошад, пас чаро нишаст дар Арманистон намегузарад?..
Дар асл СПАД ки ва чи будани худро нишон дод дар вокеахои Казокистон...СПАД яьне сарпанох ва чавшан барои Диктаторхо....