Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лайлӣ дар Прага ҳип-ҳоп месарояд


Лайлӣ Жуенбой, барои ҳаводорони ҳип-ҳоп дар Ҷумҳурии Чех бо исми LadyD шинос аст. Лайлӣ 22 сол дошта дар Алмаатои Қазоқистон ба дунё омадааст. Вай муҳассили соли чаҳоруми факултаи коммуникатсия ва расонаҳои хабарии донишгоҳи Ню Йорки шаҳри Прага мебошад. Лайлӣ мегӯяд, ки аз нӯҳсолагӣ таҳти назари падараш ба навохтани думбра, асбоби миллии қазоқӣ шурӯъ кард ва баъдан дар мактаби мусиқӣ пианинонавозиро ҳам ёд гирифт. Аммо ба ҳип-ҳоп, аз рӯи нақлҳояш, Лайлӣ ҳанӯз аз хурдсолӣ муҳаббат ва майл дошта ин завқи мусиқиашро баъдан дар шаҳри Прага ба шакли эҷоди оҳангу шеър ва тавассути иртиботи ҳунарӣ бо хонандаҳои рэпу ҳип-ҳоп такмил кардааст. Лайлӣ мегӯяд:

"Ман бо рэпсароёни чех шинос шудам ва ин шиносоӣ роҳи маро ба мусиқӣ боз кард. Аз ҳамон вақт ман ба эҷоди оҳангу матни рэп шурӯъ кардам. Ростӣ, ман аввал ба забони русӣ менавиштам ва танҳо имсол ба матнҳои чехӣ гузаштам. Аз ман хостанд, ки беҳтараш ба забони барои ҷомеаи маҳаллӣ ошно нависам, то ин ки мазмуни матнҳои маро ҳама дарк кунад. Ва ман ба забони чехӣ рэпсароиро шурӯъ кардам"

Лайлӣ бо таассуф гуфт, ки ҳанӯз ба забони қазоқӣ шеър эҷод накардааст, аммо дар оянда умед дорад, бо кӯмаки падараш, хабарнигор ва навозандаи таронаҳои мардумии қазоқӣ дар Прага - Абдуғанӣ Жуенбой - метавонад ба забони модариаш ҳам эҷод кунад. Лайлӣ мегӯяд, ки ҳамроҳ бо падараш чандин сол аст, ки дар ҳар гуна базмҳову ҷашнҳои миллӣ, мисли Наврӯз, навозандагӣ мекунад. Аммо мегӯяд, барояш машғулияти ҳип-ҳоп хеле ҷиддӣ аст ва ӯ то ҳол ду таронаи худро сабт ва ба бозор ироа кардааст. Лайлӣ мегӯяд, ки дар эҷодиёти худ бештар аз мушкилоти ҷомеаи Чех, аз масъалаҳои дардноки мисли нажодпарастиву бегонаситезӣ мехонад. Ва мегӯяд, дар шароити имрӯза ҳип-ҳопро мешавад ба ду навъ тақсим кард:

"Ҳип-ҳоп навъҳои зеризаминӣ ва тиҷоратӣ дорад. Рэпи тиҷоратӣ бештар дар мавзӯъҳои ишқу пул, дар бораи муваффақиятҳои шахс суруда мешавад. Рэпи зеризаминӣ бошад, бештар дар масъалаҳои сиёсӣ, мушкилоти ҷомеаи имрӯза эҷод мешавад, шумо метавонед масъалаҳои худ ва хонаводаи худро дар он тасвир кунед."

Дар суруди дуюмаш, ки бо исми "Муборизаи ҷинсиятӣ" нашр шудааст, Лайлӣ ба эҳтироми зан ва зарофатҳои ақливу ботинии вай даъват мекунад. Вай мегӯяд, ки дар ҷомеаи имрӯза новобаста ба нақши афзояндаи занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ҳанӯз ҳам бархе мардон занонро бо чашми кам мебинанд. Лайлӣ Жуенбой дар сар барномаҳои зиёд дорад, ва мегӯяд, ки новобаста ба касби ихтиёркардааш, ҳеҷ гоҳ машғулияти мусиқиро канор нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG