Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши рӯҳияи ноумедӣ дар миёни аҳолии Ироқ


Дар арафаи чаҳорумин солгарди оғози ҷанги Ироқ аз таркиши се бомба дар Каркук, шимоли Ироқ камаш 12 нафар кушта ва наздик ба 40 нафар захмӣ шудаанд. Як соат пеш аз ин таркишҳо бомбаби дигар дар наздикии масҷиди шиъаҳо дар маркази Бағдод мунфаҷир гашт ва се нафари осоиштаро ба ҳалокат расонд.


Ин хабарҳо дар ҳоле мерасанд, ки тибқи натиҷаҳои як назарсанҷӣ шумори ҳарчи бештари ироқиҳо ба ояндаи неки кишвари худ изҳори нобоварӣ мекунад. Пурсиши афкори ҷомеаи ироқӣ аз тарафи шабакаҳои ABC News, BBC, ARD ва рӯзномаи "USA Today" нишон дод, ки танҳо 18%-и аҳолии Ироқ ба тавонмандии нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар идораи авзоъ бовар дорад. Дар ҳоле ки соли гузашта 71% мегуфтанд, аз зиндагии худ розиянд, шумори онҳо акнун ҳамагӣ 39%-ро ташкил дод. 86%-и ироқиҳо гуфтаанд, пас аз барканор шудани Саддом дастикам як дафъа онҳо ва ё пайвандонашон бо зӯроварӣ рӯбарӯ шудаанд.


Аз ҳар панҷ ироқӣ чаҳор нафарашон мухолифи ҳузури ҳарбии Амрикоянд, аммо танҳо аз се як ҳиссаи онҳо розиянд, нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ба таври фаврӣ Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG