Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои тармими ҳашт ёдгории меъморӣ ва бостонӣ 619.000 сомонӣ ҳудуди 200.000 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.
Музаффар Азизӣ, раиси бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳанг ва таърихии ин вазоратхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ усулан барои тармими ёдгориҳои меъморӣ, ки дар шимоли кишвар, ба вежа водии Зарафшон ва Истаравшан ва Бадахшон ҳастанд, ҷудо шудааст.
Ин дар мавридест, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг тармим ва эҳёи 14 ёдгории бостонӣ, бо шумули Мазори Мавлоно Обиддин дар Данғара, Мақбараи Мавлоно Қутбиддин дар Балҷувон ва Кохи Ҳисор идома доранд.
Аз сӯи дигар, дар бархе маврид корҳои тармимӣ ба тахриби маънии Коху Кӯшки бостонӣ овардаанд. Ба иттилоъи коршиносон, ба ҳамин тартиб, пас аз маблағгузории ҳукумати маҳаллӣ устоҳо синфхонаҳои қадимаи Мадрасаи Ойимро дар Конибодом, ба истилоҳ евротармим кардаанд, ки бар асари он арзиши фарҳангӣ ва таърихии бино аз даст рафтааст.
Ҳамзамон, дар Себистони Данғар сарватмарде бо харҷи зиёд мақбараи бостонии Шақиқи Балхиро, ки ҳамчун нигине дар ангуштарини ёдгориҳои бостонии миллист, аз дигар бино карда, кохро бадал кардааст ба гунбази замонавӣ, ки дар натиҷа ин иморат билкулл арзиши аслии худро раҳо кардааст.
Дар маҷмӯъ, 300 ёдгории меъморӣ ва бостонӣ шомили феҳристи расмии Вазорати фарҳанг аст, ки арзиши ҷумҳуриявӣ доштаанд. Оқои Азизӣ мегӯяд, ин вазорат талош дорад, ки 14 ёдгории бостониро бо шумули Саразм, харобаҳои Панҷакат воқеъ дар Панҷакенти имрӯза, Бунҷикати Истаравшан, Тахти Сангин ва Ҳулбуки Хатлонро ба феҳристи ЮНЕСКО ё муассисаи фарҳангии СММ ҳамчун ёдгориҳои арзиши ҷаҳонӣ дошта, шомил кунад.

Хама президентхо дар давраи рохбариаш чиноятхои бисёр мекунанд. Бо сабаби президент буданаш чора намеандешанд. Давлати мо низ аз ин чиз ори нест. Коррупсияи хешутабори.
Шерзамонов барои ман ту як ватанфурушӣ
Захирахои давлати аз они оила
Фочиаи Рушон, Хоруг ва тамоми кухистон ин кори дасти нохаки командаи ятими - сагира ва рахими драмма хаст, бо тарафдории диктатори точик рахмон. хатто писараш рустамро ба ин Корхо алалаш намекунанд, каар аш гуфта. ин алими шерзамон рост мегуяд, агар ин хел кудрат медошт, аккалан Бархоруг гашро начот медод. Дур ва гуреза хаст, ки гушаш мекунад? хамчунин ин хонум ва Холбашро. мардум монда ва зб шидаги аз ин солдатхои ярокдор дар назди дари хонааш, аз порахурии суду прокурор, он чо пул хам нест, ки пора тиханд. и раисони стулакдуст бояд отставка раванд, чунки дастонаш дар рехтани хуни нохаки инсонхои мулки ва солдатхои бегунох ифлос хаст.. хозир заданд мардума, бовари дорам, онхо боз мехезанд ба хотири арвохи куштагон ва дар зиндон будагони хешу ошнояш, и даф бо ери хамсоягони он Су.
Ҳақиқат мисли рӯз равшан аст. Ҳама мардуми Тоҷикистон огоҳ ҳастанд, ки дар Бадахшон интернет кор намекард. Ин фоҷиаҳо натиҷаи зулму ситами ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Бекорию бебарқӣ ва дар Русия дарбадар шудани халқи мазлуми тоҷик ба ҳама маълум аст. Ин ҳукуматдорони золим халқи бегуноҳи камбизоатро қатли ом мекунанд ва боз мехоҳанд худро бегуноҳ ҷилва диҳанд.