Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории намоиши эътирозӣ дар Боку


УХ

Тарафдорони нерӯҳои мухолифини Озарбойҷон ба нишони эътироз аз болоравии қиматҳо ва ҳамчунин камбизоатӣ ва фасодкорӣ дар ин кишвар тазоҳурот карданд. Хабаргузории Ройтерс навиштааст,ки тазоҳургарон дар ҳошияи шаҳри Боку гирд омада ва шиорҳои эътирозӣ медоданд. Исо Қамбар раиси Ҳизби мухолифи Мусовот аз ҳукумат хостааст, то вазъи зиндагии мардумро беҳбуд бахшад. Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки дар намоиши эътирозӣ 2000 ҳазор нафар ширкат доштанд, аммо ба гуфтаи пулис теъдоди тазоҳургарон 600 нафар будааст. Дар Озарбойҷон чанде пеш қимати нерӯи барқ, маводи ғизоӣ, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ва иҷораи хона ба маротиб боло рафт.
XS
SM
MD
LG