Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико пулҳои Кореяи Шимолиро бармегардонад.


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико миллионҳо доллари мутаалиқ ба Куриёи Шимолиро ба ин кишвар бозмегардонад. Даниел Глейзер як намояндаи вазорати дороии Амрико гуфт, ҳисоби масдудкардаи Куриёи Шимолӣ дар як бонки Макао дигарбора боз мешавад ва 25 миллион доллари онро Куриёи Шимолӣ барои умури башардӯстона истифода мекунад. Ин дар ҳолест,ки музокироти шашҷониба дар мавриди халъи силоҳи атомии Куриёи Шимолӣ имрӯз дар шаҳри Пекини ҷумҳурии Мардумии Чин аз сар гирифта шуд. Баҳсҳо бар сари ҳисоби масдудшудаи Куриёи Шимолӣ музокироти шашҷонибаро, ки дар он Куриёи Шимоливу Ҷанубӣ, Амрико, Чин, Ҷопон ва Русия шомиланд, таҳти хатар қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG