Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёдони калашниковдори Мурғоб ҳабс шуданд


Мурғоб

Кормандони амният дар ноҳияи Мурғоб як афсари сарраёсати ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва се нафари маҳаллиро бо иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон боздошт кардаанд.

Сардори хадамоти амниятӣ дар ноҳия Ошӯрмамад Афғонов бо таъиди ин хабар аз ироъаи маълумоти бештар худдорӣ кард.

Вале манбаъҳои дигар мегӯянд, кормандони амният ин се сокини маҳаллӣ -- сардори департаменти "Почтаи Тоҷикистон" дар ноҳия, корманди идораи маданият, ронанда ва як сарбозро дар ҳоле дидаанд, ки ҳамаи онҳо бо силоҳи Калашников мусаллаҳ буданд.

Тафтиш ошкор кард, ки ин силоҳ ба дасти онҳо бо иҷозаи сардори дидбонгоҳи марзӣ ба хотири шикор дода шудааст. Дар натиҷа ин афроди мулкӣ ва ба ҷои сарбоз сардори дидбонгоҳи марзии Маргансу боздошт ва дар паси панҷараи боздоштгоҳи муваққатии Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят ҷо гирифтанд.

Каблан намояндаи созмони байналмилалии "Олами вуҳуш" таи номае ба мақомоти кишвар аз идомаи шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир дар минтақа аз ҷониби афроди мулкӣ ва низомӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Мурғоб
XS
SM
MD
LG