Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия


Артем Фралов, муовини раиси идораи хадамоти муҳоҷиратии Русия мегӯяд, ки барои корфармоён, муҳоҷири ғайри қонуни ва бе ҳуқуқ бештар судманд аст, дар қиёс бо муҳоҷири қонуни. Вай дар ин бора чунин тавзеҳ дод.

Муҳоҷирони ғайри қонуни яке аз арзонтарин ва муҳимаш ин аст, ки яке аз бе ҳуқуқтарин қуваи кори ҳастанд. Корфармоён аз чунин коргари бе ҳуқуқ, бештар суд ба даст меоранд, зеро метавонанд ҳуқуқи онҳоро поимол кунанд ва ба онҳо маош надиҳанд.

Суоле пеш меояд, ки чаро корфармоён муҳоҷирони ғайри қонуниро ба кор мегиранд? Ба ин суол Николай, яке аз корфармои сохтмони шаҳри Маскав чунин ҷавоб дод.

Мардуми мо медонед чи тавр кор мекунанд? Соати 11-и руз аз хона меоянд ва либосҳои худро иваз мекунанд. Мераванд ба таҳхона барои нушидани шароб, ҳамон ҷой хоб мекунанд ва аз хоб соати 4-и бегоҳ бедор мешаванд боз либосҳои худро иваз мекунанд ва мераванд ба хона. Онҳо кор намекунанд.

Виктор Шуковский, як корманди идораи манозили маскуни барои мо тавзеҳ дод, ки чаро раисони чунин идораҳо бештар муҳоҷирони цайри қонуниро ба кор мегиранд.

Муҳоҷирон талаби зиёд надоранд, ва онҳо ба тамоми кор ва пул рози ҳастанд. Агар маоши як коргари чунин идора, 15 ҳазор рубли Руси бошад, ба муҳоҷир 7 ё 8 ҳазор медиҳанд. Ин аст фарқи муҳоҷирони кори.

Муҳоҷирони тоҷике, ки дар сохтмонҳо, бозорҳо, роҳруби, ронанда ва ғайра кор мекунанд мегӯянд, ки бештар худи корфармоён ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд. Ҳасанов Маҷид, муҳоҷири тоҷике, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав кор мекунад дар ин бора чунин мегӯяд.

Мо назди раисони худ даромадем ва ин масъаларо пеши онҳо гузоштем, ӯ ба мо гуфт, ки агар шумо рози бошед ғайри қонуни кор кунед, аган на бароед равед, боз ман дигар касро пайдо мекунам. Мисли мо моҳоҷирон зиёд ҳастанд, агар ман ҳозир ин корро накунам, манро аз кор пеш мекунанд ва дар ҷои ман дигар муҳоҷирро меорад.

Ахиран хадамоти муҳоҷиратии Русия тасмим гирифтааст, идораҳои сохтмониро тафтиш кунад. Ба гуфтаи як коршинос Александр Закондирин, дар ҳоли ҳозир дар чунин идораҳо аз 300 то 400 ҳазор муҳоҷири ғайри қонуни кор мекунанд. Чуноне, ки Любов Шевкова, як корманди идораи манозили маскуни гуфт, муҳоҷироне ки рубандаги мекунанд ва ба корҳои поксози дар Маскав машғуланд, аслан бе ҳуқуқанд.

Оилаҳо тоҷикон, узбакон, молдовиҳо, украиниҳо ба Маскав меоянд ва ба назди мо барои кор меоянд. Мо ба онҳо ҳич ваъда ва ҳатто ҷои хоб, ба онҳо намедиҳем, фақат барои онҳо таҳхона медиҳем. Барои ҳар муҳоҷир, раисони мо, ҳар моҳ пул мегиранд. Агар ӯ хориҷи бошад, 500 рубл агар рус бошад 400 рубл, барои кисаи худ мегирад. Ман худам чунин феҳристро омода мекардам ва бурда ба ҳисобдор месупурдем.

Дар робита ба ҳали печидагиҳои мушкилоти сиёсии муҳоҷирон, рӯзи ҷумъа давлати Русия як маҷлиси вижа баргузор кард. Дар ин маҷлис масалаи поимол кардани ҳуқуқи муҳоҷирон, аз суи корфармоён барраси шуд. ба гуфтаи давлати Русия, ҳуқуқи муҳоҷирон бештар аз суи корфармоён поимол мешавад. Тибқи омори хадамоти муҳоҷиратии Русия, дар ҳоли ҳозир беш аз 1 милиону 110 ҳазор муҳоҷири қонуни дар сарзамини ин кишвар, қонуни кор ва зиндаги мекунад. Аммо ба гуфтаи бархе аз коршиносон, дар Русия дар ҳоли ҳозир беш аз 12 милион муҳоҷири ғайри қонуни кор ва зиндаги мекунад.
XS
SM
MD
LG