Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд


Қарор аст, фардо, 15 март, раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад ва нахустин сафари раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба Душанбе хоҳад буд.


Дар ҷараёни ин сафар Илҳом Алиев бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот хоҳад кард. Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҷараёни ин сафар, ҳафт созишномаи байнидавлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи энержӣ ба имзо хоҳад расид.


Табодули мол миёни Озарбойҷону Тоҷикистон дар соли гузашта 22 фисад афзуда ва ба 140 миллион доллар расидааст. Дар он сол асосан воридоти тавлидоти Озарбойҷон ба Тоҷикистон бештар буда ва тақрибан 139 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG