Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эсхата" - барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев


Тими футболи «Эсхата»-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев гардид.

Бозии ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ рӯзи якшанбеи 12 март дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар ҳузури 7 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Тими «Эсхата» бар дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Голро Акмал Баҳодуров дар дақиқаи 62-уми дидор ба самар расонд. Воқиъан, пеш аз ин гол тими «Парвоз» имкон дошт, ки муваффақ шавад. Вале Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 48-ум аз пенолти ё ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Баъди зарбаи ӯ тӯб ба паҳлӯчӯби дарвоза бархӯрд. Бад-ин тартиб «Эсхата»-и Хуҷанд, ки барои аввалин бор дар ин мусобиқаи анъанавии зимистона ғолиб шуд, бо ҷоизаи аслӣ - Ҷоми Рустам Долтабоев сарфароз гашт.

Тими «Парвоз» соҳиби ҷоизаи дувуми мусобиқот гардид. Барои дарёфти ҷоизаи севум ду тими маъруфи футболи тоҷик - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа рақобат карданд. Ин бозӣ низ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сурат гирифт. Нахуст Ихтиёр Қобилов, бозигари «Хуҷанд» дар дақиқаи 21-уми дидор ҳисобро боз кард. Баъди шаш дақиқа ҳамлагари «Вахш» Аҳтам Ҳамроқулов ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи «Хуҷанд»-ро боз ҳам Ихтиёр Қобилов дар дақиқаи 54-уми дидор ба ҳадаф расонд. Тими «Хуҷанд» бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуда, ҷоизаи севумро азони худ кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: "Мутаассифона, ғолиби сабқати минтақаи Хатлон - дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ҳамчунин беҳтарин тимҳои сабқати минтақаи Душанбе - «Хима», CSKA «Помир», «Энергетик» ва «Гвардия» бо баҳонаи камбуди маблағ аз ширкат дар қисмати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев даст кашиданд. Бинобар ин, Федеросиюни футболи мамлакат ин дастаҳоро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст."

Ба гуфтаи масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастаҳои футболи лигаи олӣ давраи омодагиро ба мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки рӯзи 24 март шурӯъ мешавад, идома хоҳанд дод.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG