Ҳамаи тарафҳо гуфтаанд, ҳадаф аз ширкаташон дар конфаронси Бағдод манофеъи муштараки онҳо дар истиқрори оштӣ ва амният дар Ироқ аст. Мақсади нишастро сарвазири Ироқ Нурӣ ал Маликӣ ингуна тавзеҳ дод: "Ин конфаронс заминаи муколамаи минтақаӣ ва мо умедворем, раҳкушои ҳамоҳангӣ ва тафоҳуми байнулмилалию минтақаӣ хоҳад шуд ва аз ҳукумати Ироқ пуштибонӣ хоҳад кард."
Ҳарчанд бори аввал нест ҳайъатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар мулоқотҳои байнулмилалӣ паси як миз менишинанд, ин бори авал аст, ки ба ширкати онҳо дар нишаст таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад ва омодагиии онҳо ба мулоқот низ тафовут дорад. Намояндаи вазорати умури берунаи Амрико гуфтааст, ҳайъати амрикоӣ дар ҳоли рӯбарӯ шудан бо ҳайъати эронӣ худро нодида нахоҳад гирифт ва эҳтироми тарафи муқобилро ба ҷо хоҳад овард. Инчунин аз манобеъи дигар иттилоъе пахш шудааст, ки мумкин аст, ду ҳайъат дар ҳошияи нишаст як гуфтушуниди ҷудогона низ дошта бошанд. Як мақоми аршади Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, "дари чунин гуфтушунид боз хоҳад буд", вале танҳо масъалаҳои марбут ба сулҳу эътидоли Ироқ баррасӣ хоҳанд шуд. Масъулони Иёлоти Муттаҳида ҳамеша кӯшидаанд, ин масъалаҳоро аз бӯҳрони пиромуни барномаи ҳастаии Эрон ҷудо нигаҳ доранд. Тарафи Эрон чунин имкониятро шарҳ надод, вале мулоқоти ҷудогона бо ҳайъати амрикоиро дар долонҳои нишасти Бағдод тасдиқ накард. Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, чунин мулоқот "дар дастури кори мо нест."
Бисёре аз таҳлилгарон ин нишастро як гардиши муҳим дар муносибатҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон меноманд, вале дар пасманазари хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ ва иттиҳомоти алайҳи Эрон, ки гӯё ба ошӯбгарони шиъаи Ироқ силоҳу муҳимот медиҳад, гуфта мешавад, Арабистони Саъудӣ низ дар мулоқот нақши муҳим хоҳад дошт. Ва ҳамчунин мамолики араб, Сурия ва Туркия низ гуфтаниҳое хоҳанд дошт. Бархи дигар аз коршиносон гардиши муҳимро бештар ба идома ва ё марҳилаи баъдии ин конфаронс пайванд медиҳанд. Гуфта мешавад, дар нишасти баъдӣ вазири умури хориҷии Амрико, хонуми Кондолиза Райс ширкат хоҳад кард ва аз тарафи эрон ҳамтои эронии ӯ Манучеҳри Mуттакӣ. Аммо ҳанӯз ҷойи мулоқот ва торихи баргузории он расман эълон нашудаанд.