Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тату" мусулмон шудааст?


Гуфта шудааст

Нашрияҳои русӣ навиштаанд, сарояндаи гурӯҳи Тату, Юля Волкова бо ҷавони мусулмоне бо номи Парвиз издивоҷ намуда ва ба хотири дӯстдоштаи худ дини исломро қабул кардааст.

Як дугонаи наздики Юля ба хабаргузории ФактНюс гуфтааст, Татушка ҳамроҳ бо Парвиз ба Иморот рафтаанд ва маросими ақди никоҳи онҳо дар Дубай сурат гирифтааст.

Худи бону Волкова ба нашрияи Твой Денъ хабари издивоҷи худ бо Парвизро тасдиқ кардааст ва аммо аз шарҳи бештари ҳаёти шахсии худ худдорӣ намудааст. Аз миллияти Парвиз низ хабаре дода намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ тоҷир будааст ва бо Юля дар як маҳфиле дар хонаи яке аз дӯстонашон шинос шудаанд.

Қаблан, нашрияҳои русӣ аз ишқбозиҳои Юля бо як-ду нафари дигар ҳикоят мекарданд. Юля аз собиқ дӯстписараш як духтарча доштааст.

Агар қиссаи шавҳари мусулмон кардани Татушка рост бошад, пас ӯ дуввумин сарояндаи маъруфи рус хоҳад буд, Ки бо тоҷири мусулмон ақди никоҳ мебандад. Қаблан, Кристина Орбакайте, духтари Алла Пугачева шавҳари чечен дошт.
XS
SM
MD
LG