Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисоси даҳ миллион $ аз ҷониби Бонки исломӣ


Бонки исломии рушд эълом кард, ки барои бунёди хатти баландшиддати нерӯи барқ, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, 10 миллион доллар қарзи дарозмуддат ихтисос медиҳад.


Дар баёнияи расмии бонк гуфта мешавад, ки ин лоиҳаро шӯрои мудирони бонк дар нишасте дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ тасвиб кардааст.


Хатти баландшиддати нерӯи барқ, ки 220 киловолт қудрат хоҳад дошт, қарор аст, нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон, ки ташнаи нерӯи барқ аст, интиқол бидиҳад.
XS
SM
MD
LG