Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев


Бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор шуданд. Тими мизбон - «Пахтакор» бар дастаи «Рустамбек»-и Истаравшан бо натиҷаи 3 бар 0 ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба карданд. Дар бозиҳои гурӯҳи «Б» дар варзишгоҳи шаҳри Қайроққум тими «Зарбдор»-и Исфара бар дастаи «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бо натиҷаи 3 бар 0, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуданд.
Дар гурӯҳи «А» «Парвоз» бо 9 имтиёз ҷои аввал ва «Эсхата» бо 6 имтиёз ҷои дувумро ба даст оварда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳи «Б» «Вахш» бо 9 имтиёз ҷои аввал ва «Хуҷанд» бо 6 имтиёз ҷои дувумро ишғол карда, ба даври баъдӣ роҳхат гирифтанд.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 9-уми март «Вахш» бо «Эсхата» ва «Парвоз» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Барандаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 11 март муайян хоҳад шуд.

Ва хабари дигар. Тими мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон рӯзи 8 март ба Туркия сафар кард.
Сармураббии ин даста Пӯлод Қодиров ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати тими мунтахаби наврасони кишвар 22 бозигари ҷавони то 17-сола шомиланд. Як давраи омодагии дастаи мо ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон то 26 март дар шаҳри Анталияи Туркия доир мешавад. Ҳамзамон бозигарони ҷавони мо дар ин ҷо бо тимҳои футболи кишварҳои мухталиф якчанд бозии дӯстона анҷом медиҳанд.»
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG