Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаъиёни Ҷоми Рустам Долтабоев


Дар даври дувуми бозиҳо дар гурӯҳи «А» тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи «Пахтакор»-и Ҷаббор Расулов бо натиҷаи 8 бар 0 ва тими «Эсхата»-и Хуҷанд» бар дастаи «Рустамбек»-и Истаравшан бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд. Дар ин гурӯҳ тимҳои «Парвоз» ва «Эсхата» шашимтиёзӣ ба даст овардаанд ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Эсхата» дар ҷои дувум мебошад.

Дар гурӯҳи «Б» тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар даври дувум бар дастаи «Зарбдор»-и Исфара бо натиҷаи 6 бар 1 ғолиб омад. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа тими меҳмон - «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистонро бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дод. Дар ин гурӯҳ низ ду даста - «Хуҷанд» ва «Вахш» шашимтиёзӣ гирифтаанд. Ва аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» мақоми аввалро касб кардааст. «Вахш» дар ҷои дувум аст.

Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи панҷшанбеи 8 март «Пахтакор» бо «Рустамбек», «Парвоз» бо «Эсхата», «Зарбдор» бо «Жетису» ва «Хуҷанд» бо «Вахш» рақобат мекунанд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба давраи ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 11 март дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Хабари дигар. Тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар айни ҳол дар шаҳри Анталияи Туркия тамрин мекунад, дар як бозии дӯстона аз тими «Кримтеплитса»-и Симферополи Укроин бо натиҷаи 0 бар 1 мағлуб шуд.

Сармураббии тими қаҳрамони футболи Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба радиои Озодӣ гуфт,
тими «Регар» ТадАЗ дар Туркия то рӯзи 14 март тамрин карда, боз се бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG