Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри охирин китоби Бобоҷон Ғафуров


Ин охирин китоби Қаҳрамони Тоҷикистон, олими соҳиби шӯҳрати ҷаҳонӣ Бобоҷон Ғафуров аст, ки навиштанашро дар соли 1975 ба поён расонда буд, вале бо сабаби беморӣ натавонист, ба нашр расонад. Аввалин бор китоб дар соли 1980 дар нашрёти "Наука" таҳти унвони "Искандари Мақдунӣ ва Шарқ" чоп шуд.

Муҳаққиқи рус Иля Смирнов мегӯяд, ин як асари комил ва бузургҳаҷм (500 сафҳа) аст, ки танҳо маъхазҳои истифодашудаи он чанд сафҳаро ташкил медиҳанд. Бобоҷон Ғафуров ва Дмитриос Тсибукидис на танҳо сарнавишти Мақдуниро аз зода шудан то ҳалокаташ муфассал овардаанд, балки аз низоми артиши ӯ то барномаҳои сиёсияш ҳамаи мавзӯъҳои марбутаро мавриди таҳлил қарор додаанд. Бисёр муҳим буд, дарк шавад, чаро ва чӣ тавр Искандари Мақдунӣ тавонист, қаламрави бузургеро то соҳилҳои Ҳинд зери даст орад. Бо вуҷуди он ки китоб дар давраи шӯравӣ навишта шуда, таъсири идеоложии вақт ба муаллифон эҳсос мешавад, арзишёбиҳои илмии онҳо имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд.

"Ин китоб, менависад Смирнов, бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳояш, асосест, барои дарки шахсияти Искандари Мақдунӣ."
XS
SM
MD
LG