Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ал Қоида ба Русия


Паёми интернетии дар сафҳаи ҷангиёни Исломӣ ба чоп расида,ки эҳтимол меравад марбут ба шабакаи Ал Қоида аст мегӯяд шабакаи Ал Қоида дар ҳамлаҳои ба вуқӯъ пайвастаи рӯзҳои шанбеву якшанбе дар Алҷазойир даст дорад. Гуфта мешавад дар ҳамлаи рӯзи шанбеи гузашта як муҳандиси рус ба ҳалокат расид, ки дар шабакаи лӯлаи гази Алҷазойир фаъолият мекард. Дар паёми интернетӣ омадааст, ки куштори муҳандиси рус як иқдоми интиқомҷӯёна дар баробари амалкарди Русия дар Чеченистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳамлаи сурат гирифтаи рӯзи якшанбе ҳамчунин ҳафт тан ходими полиси Алҷазойир низ ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG