Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар як садама дар гарданаи Шаҳристон


ШР

Бар асари фуруд омадани тарма дар гарданаи Шаҳристон як мошин, ки ҳомили чаҳор мусофир будааст, аз баландии дусад метр сарозер шудааст ва дар натиҷа ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.


Аюбҷон Норов, сарнозири назорати васоили нақлия дар води Зарафшон гуфт, ронанда ва мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар маризхона бистариянд. Ӯ гуфт, ронанда в аду мусофири ӯ аз ноҳияи Панҷакат будаанд.


Ронандаҳо аз омода набудани шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд дар гарданаи Шаҳристон дар мавсими зимистон нигаронӣ мекунанд. Бино бар қавли масъулини назорати васоили нақлияи водии Зарафшон, аз аввали соли равон то ба имрӯз дар ин гардана чаҳор садама рух додаст, ки нӯҳ кушта ва шаш маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.
Шоҳини Равшан, Панҷакат
XS
SM
MD
LG