Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон хостори наздикӣ бо Амрикост


Ноиби ёвари Вазири умури хориҷии Амрико Эван Фейгенбаум, ки бо сафари кӯтоҳе дар Тошканд ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, мақомоти Узбакистон хостори беҳбуди муносибатҳои Тошканд ва Амрикоянд. Вай гуфт: "Ахиран, мо аз ҳамкорони узбак шунидем, ки онҳо мехоҳанд, муносибатҳо беҳтар шаванд ва мо ҳам ҳамеша тарафдори муносибатҳои мустаҳками дуҷониба будему ҳастем. Ва ба назар мерасад, ин фурсати хубест, барои сафари нахустини ман ба Тошканд."

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоте дар Бруссел тасмими ниҳоиро дар бобати муносибатҳо бо Узбакистон то моҳи май ба таъхир гузоштанд. Онҳо гуфтанд, дар ин байн бо мақомоти Тошканд гуфтушунидҳои кориро идома хоҳанд дод.

Намояндаи Олмон, ки раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар даст дорад ва раиси гурӯҳи порлумонии Олмон дар умури ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ Ҳейди Вегенер гуфт, "агар ҳукумати Узбакистон дар сиёсатҳои худ тағйире пеш наорад, таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо низ бетағйир боқӣ мемонанд. Узбакистон бояд ба идомаи муколама розӣ шавад, ба журналистон ва созмонҳои ғайридавлатӣ имкони кор диҳад. Ин метавонад ба лағви таҳримҳо роҳ кушояд."

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи Узбакистон зимни мухолифати Тошканд ба таҳқиқи мустақилонаи рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон эълон шудаанд. Ба думболи ин рӯйдодҳо дар муносибатҳои Узбакистон ва Амрико сардӣ ба миён омад ва Тошканд Иёлоти Муттаҳидаро аз пойгоҳи ҳарбӣ дар Хонободи вилояти Қаршӣ маҳрум карда, равобиташро бо Маскав аз сар гирифт.
XS
SM
MD
LG