Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Рамазонро ба президентӣ пешниҳод намуд


Имрӯз қарор аст, ки порлумони Чеченистон роҷеъ ба пазириши номзадии Рамазон Қодиров ба вазифаи президенти ҷумҳурии Чеченистон раъй диҳад.


Дирӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия Рамазон Қодировро ба мансаби раёсатҷумҳурии Чеченистон пешбарӣ кард.


Қодирови 30-сола, собиқ узви гурӯҳи шӯришиёни ҷудоихоҳ, писари раиси ҷумҳурии бақатлрасидаи Чеченистон Аҳмад Қодиров аст. Вай ахиран иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Чеченистон буд.


Путин дар ин бора тавассути телевизион аз қароргоҳи худ дар Новоогорёваи канори Маскав изҳорот дод ва гуфт, ки Қодиров барои барқарории баъдиҷангии Чеченистон заҳмати зиёд кашидааст.


Сӯҳбати вижаи Рамазон Қодиров бо бахши қафқозии Озодӣ
XS
SM
MD
LG