Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди номзадии Адолати Мирзо ба МН рад шуд


Кoмисюни ҳавзаи интихоботии Фирдавсии шаҳри Душанбе сабти номи Адолати Мирзо сардабири нашрияи «Миллат»-ро ба унвони номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рад кардааст.
Адолати Мирзо бо ҷамъоварии имзои ҷонибдорони худ дар ин ҳавза мехост худро ба сурати инфиродӣ ё мустақил номзад кунад.




Комисюни ҳавзаи интихоботӣ ҳануз ба сурати катбӣ ин қарори худро содир накардааст, аммо масъулини он гуфтаанд,ки ба далели чанд мавриди номафҳумӣ дар асноди пешниҳодшуда сабти номи Адолати Мирзоро рад кардаанд. Аммо худи Адолати Мирзо мегӯяд, ради сабти номи ӯ зимни мудохила ё таҳти фишор бар комисюни ҳавзаӣ сурат гирифтааст.




Адолати Мирзо мегӯяд, дар як рӯзи қабл раиси ҳавзаи Фирдавсӣ ӯро мутмаъин кардааст, ки санҷиши аснодаш поён ёфта ва ҳеҷ мушкиле надорад ва бояд барои гирифтани шаҳодатнома маблағи гаравро супорад. Аммо як рузи баъд тасмими комисюн дигар шудааст. Ба гуфтаи Адолати Мирзо ашхоси муътамад ва ҷонибдорони ӯ аслан мардуми рушанфикр ва зиёӣ ва устодони донишгоҳҳо ва мадорис буданд ва бархе мақомот ва маҳофил аз шакл гирифтани як ҳаракати рушанфикрӣ ба василаи ширкат дар маъракаҳои сиёсӣ ва интихобот нигарон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG