Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯртаринҳои кикбоксинг ба Душанбе меоянд


Дар ин бора Бобоҷон Маҳмарасулов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Осиё дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи чоршанбеи 28 феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ дод. Вай афзуд, дар ин мусобиқа, ки дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе доир мешавад, ширкати беш аз 100 варзишгар аз ҳафт кишвари қора - Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон дар назар аст. Минҷумла, тими мунтахаби мизбонон бо шумули ҳудуди 60 варзишгар ширкат мекунад. Ҷаноби Маҳмарасулов иброз дошт, ки тими мунтахаби кикбоксинги Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбакистон комёбиҳои бузург ба даст оварда буд: 5 медали тилло, 5 - нуқра ва 6 - биринҷӣ. Ва аз ин хотир, гуфт ҷаноби Маҳмарасулов, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе маҳали баргузории севумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё интихоб шудааст.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ Муҳаммадқосим Манучеҳрӣ, раиси Федеросиюни ҷаҳонии кикбоксинг, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар айни ҳол 32 кишвари қора узви Федеросиюни кикбоксинги Осиё ҳастанд.

Ба гуфтаи раҳбари Федеросиюни ҷаҳонии кикбоксинг мусобиқоти мазкур як давраи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои кикбоксинг ва ориентол мебошад, ки авоили моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG