Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасҳеҳ ба гузориши "Генплан"


Рӯзи 22-юми декабри соли 2006, радиои Озодӣ дар бораи нигарониҳои сокинони маҳаллӣ аз "Генплан"-и шаҳри Душанбе гузорише нашр кард ва ин матлаб рӯзи 26-уми декабри соли 2006 дар сомонаи интернетии Озодӣ ба нашр расид. Дар ин гузориш ва матлаб чанд шарҳи журналист Лидия Исамова нақли қавл шудаанд, аз ҷумла ин изҳорот, ки "Мақомоти Душанбе мардуми бечораро ба иншооти барои зист номувофиқ интиқол доданӣ ҳастанд." Радиои Озодӣ ошкор кард, ки хабарнигори он ҳангоми тарҷумаи суханони Исамова аз русӣ ба тоҷикӣ иштибоҳ карда ва Исамова чунин изҳорот надодааст. Мо аз ин хато мутаассифем.
XS
SM
MD
LG