Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ: Сербистон дар қатли ом гунаҳгор нест


Босниҳои мусулмон ва раҳбарони Хорватия аз ҳукми Додгоҳи Созмони Милал, ки Сербистонро масъули наслкушӣ дар қаламрави Босния надонист, ибрози ноқанотмандӣ кардаанд.


Додгоҳи байналмилалии Адолат гуфт, агарчӣ куштори дастаҷамъии ҳашт ҳазор мардону наврасони мусулмон аз сӯи сербҳои боснӣ дар соли 1995 наслкушӣ будааст, аммо Сербистон масъули ин наслкушӣ нест.


Додгоҳи байналмилалии Адолат гуфт, ки Сербистон бояд барои ҷилавгирӣ аз қатли оми мардуми бегуноҳ дар Босния талош мекард. Баъзе аз бозмондагони ҷангҳои солҳои 1992 - 95 дар Босния аз ҳукми Додгоҳи Созмони Милал ибрози ноумедӣ кардаанд.


Пас аз ҳукми додгоҳи Созмони Милал раиси ҷумҳури Сербистон Борис Тадич аз порлумони кишвараш хост, ки расман куштори дастаҷамъӣ дар Сребренитсаро маҳкум кунад.
XS
SM
MD
LG