Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик марзшиканони афғонро куштаанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи душанбе (26 феврал) дар сарҳади кишвар бо Афғонистон се марзшикани афғонро куштанд.


Ба гуфтаи мақомот, миёни сарҳадбонони тоҷик ва гурӯҳи марзшиканони афғон даргирӣ ба вуқӯъ пайваста ва се соат идома кардааст.


Тибқи иттилоъи расмӣ шаш узви дигари гурӯҳ дар қаламрави Афғонистон панаҳ бурданд ва дар маҳалли ҳодиса ду автомати Калашников ёфта шудааст.
XS
SM
MD
LG