Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари аврупоӣ дар интизори ҳукми додгоҳи адолат


Интизор меравад, имрӯз додгоҳи байналмилалии адолат доир ба шикояти Босния алайҳи Сербистон ва Черногория ҳукми худро содир кунад. Босния ҳар ду ин кишварро ба наслкушӣ ҳангоми ҷангҳои солҳои навадум муттаҳам мекунад.


Дар таърихи 60 солаи додгоҳи байналмилалии Созмони Милал бори аввал аст, ки дар ин додгоҳ як кишвар кишвари дигарро ба наслкушӣ муттаҳам кардааст. Дар сурати пирӯз омадан Босния метавонад, аз Сербистон ва Черногория миллиардҳо доллар ҷуброн талаб кунад.


Сербистон мегӯяд, ки ҳеҷ қасди маҳви босниҳоро надошт ва худро масъули аъмоли шибҳанизомиёни серб намедонад.
XS
SM
MD
LG