Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳайҷо" аз Бухоро ёд мекунад


Яке аз нависандагони маъруфи тоҷик Урун Кӯҳзод дубора ба таҳлили тарихи 150 соли ахири тоҷикон даст зад ва романеро унвонии «Ҳайҷо» таълиф кард.

Ба гуфтаи худи муаллиф, ӯ офаридани ин асарро ҳанӯз дар солҳои 80 қарни гузашта оғоз карда буд. Яъне, шурӯъ аз он замон матолиби марбут ба таъхиру фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии ин давраи таърихиро мавриди омӯзиш қарор додааст. Ва дар чанд соли ахир хома бар сари авроқ гузошта, ин таърихро ба риштаи адаб овард.

Муаллиф мегӯяд, романи «Ҳайҷо» аз панҷ дафтар иборат аст, ки ҳар яке марбут ба як давраи таърихист. Дафтари аввали ин роман замони суқути Аморати Бухороро ба тасвир кашидааст. Романи «Ҳайҷо» бо услуби хоса, як услуби тоза эҷод шудааст. Тавре оқои Кӯҳзод мегӯяд, дар ин асар қаҳрамони асосӣ нест, ки ҳодисаҳо дар атрофи номи ӯ ва ё онҳо сурат бигиранд. Онҳое, ки дар ҳамон давраи таърихӣ зистаанд, мегӯяд ӯ, дар умқи ҷараёни ҳаводиси роман қарор доранд.

Муаллиф дар асари худ ҳодисаҳоро он гуна ба қалам кашидааст, ки ба гуфтаи мунаққидони асар дар шароити феълӣ шабеҳи онҳо сурат мегирад. Ба гуфтаи онҳо, аслан тафовут зиёд нест, ҳарчанд шаклу сохтор дигаргуна шудааст, дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ пешрафтҳо ба назар мерасад, аммо ҳадаф якест. Чанд ҷумла аз ин роман иқтибос мекунем, ки далели гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

"Дусад сол аст, ки мадрасаҳои Бухоро нимчамулло тайёр мекунанд. Донишгоҳҳои мо ҳамчунон нимча-духтур, нимча-инженер, нимча-мутахассис (ҷое аз нимча хеле паст) тайёр мекунанд, ки бозорҳои Душанбеву Москва аз онҳо пур аст».

"Амиру, вазиру, раису, қозие, ки дар аморати Бухоро ҳукм меронд, ба маънои давлатдорӣ дуруст сарфаҳм нарафтанд ва ободии мулк дар фаҳмиши онҳо ободии ҳавлиаашон буд. Ҳикмати давлатдорӣ аз гирифтан буду додан не..."


Ба ақидаи Мирзо Насриддин, мунаққиди романи «Ҳайҷо», айни ҳамин нусхаро дар кишвар мушоҳида мекунем.

«Мансаби вазириву амириро мегиранду дар ҳол якчанд қасру кӯшкҳо мепӯшанд. Ва майнааш мудом банди ободиву истифодаи онҳост. Дар хоҷагиҳо то ҳол музди казоӣ ҳам намедиҳанд. Ҳатто сардабирони рӯзномаҳои номдор ҳаққи қалами воқеанависонро намедиҳанд. Мисли раисони хоҷагиҳо инҳо низ худро ба нодонӣ ва нодорӣ мезананд.»

Феълан, ду дафтари романи «Ҳайҷо», яке се сол қабл дар маҷмӯаи маҳфили «Боргоҳи Сухан» ва дигаре соли гузашта дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр гардидааст. Аммо то ҳанӯз кадоме аз ин дафтарҳо китоб нашудаанд. Ва низ се дафтари дигари роман ҳанӯз дар куҷое нашр нагардидааст. Аммо муаллиф тасмим дорад, бо пайдо шудани имконоти молӣ ин романро ба шакли китоб ба нашр расонад.
XS
SM
MD
LG