Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми Туркманбошӣ


Марҳилаи аввали ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои сездаҳумин бор баргузор шудааст, дар се гурӯҳ сурат гирифтааст. Пас аз бозиҳои даври аввал дар ҷадвали гурӯҳи «А» тими мизбон - «Ишқобод»-и Ишқобод бо се имтиёз ҷойи аввалро касб кардааст.

Ёдовар мешавам, «Ишқобод» дар нахустин дидори худ бар тими меҳмон - «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шудааст. Ду тими дигари ин гурӯҳ - «Ворскла»-и Полтаваи Укроин ва «Электрик»-и Бангкоки Тайланд, ки бозиро миёни худ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом доданд, якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Дар даври дувум «Ориёно» бо «Ворскла», «Ишқобод» бо «Электрик» ва дар даври севум рӯзи якшанбе «Ориёно» бо «Энергетик» ва «Ишқобод» бо «Ворскла» рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «Б» як бозӣ баргузор шуд. Дидори «Небитчӣ»-и Балқанободи Туркманистон ва «Гандзасар»-и Арманистон бо натиҷаи 0 бар 0 ба поин расид. Дар гурӯҳи «В» низ як бозӣ сурат гирифт. МТТУ - тими Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия бар тими «Абумуслим»-и Машҳади Ирон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз гаштааст. Рӯзи шанбеи 24 феврал «Небитчӣ» бо тими «Ордабаси»-и Шимкенти Қазоқистон ва МТТУ бо тими мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бозӣ хоҳанд кард.

Ва як хабари дигар. Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоми раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ширкант хоҳанд кард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа рӯзҳои 24 ва 25 феврал дар шаҳри Минск бо ширкати гуштигирони 17 кишвари ҷаҳон барпо мегардад ва он яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG