Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи вижаи муҳоҷирони Русия


Бо ибтикори рӯзномаи «Московский комсолес -_Урал» ва маркази фарҳангии тоҷикони муқими Екатеринбурги Русия нахустин шумораи нашрияи «Рӯ ба шарқ» (Тоҷикистон) ба дасти хонандагон расид. Сардабири «Рӯ ба шарқ» Юлия Литвиненко мегӯяд, нашрия дар чаҳорчӯби тарҳи « МК-Урал» дар чор саҳифа, ҳафтае ду бор нашр мешавад ва аслан аз рӯзгори муҳоҷирон нақл мекунад. Шумораи нахустин он бо забонҳои русӣ ва чиной ба муҳоҷирони чиной ихтисос дошт ва ба зудӣ фурӯхта шуд. Шумораи дуввум дар ҳамоҳангӣ бо маркази фарҳанги тоҷикон пурра бо забони русӣ бо теъдоди 1000 нусха чоп гардид ва имкони то шаш ҳазор афзоиш додани он ҳаст.

Намояндаи иттиҳодияи иҷтимоъи тоҷикони Екатеринбург Нуриддини Шамсидин, ки дар тарҳрезии нашрия ширкат кардааст, мегӯяд, ба далели ин ки муҳоҷирони тоҷик забони русиро медонанд мо тасмим гирифтем, нашрияи Ру ба Шарқ (Тоҷикистон) ба забони русӣ чоп шавад. Дар ин ҳол мардуми русзабон ҳам ба зиндагии муҳоҷирон ва таъриху фарҳанги мардуми тоҷик шинос мешаванд.

Ба гуфтаи Нуриддин, нашрия аз равобити Русияву Тоҷикистон ва Екатеринбург ва умури муҳоҷират матолиби хонданӣ чоп кардааст.

Бо истиқбол аз интишори рузномаи «Рӯ ба шарқ» дар Екатеринбург, дабири Иттиҳодияи хабарнигорони Русия Дмитрий Полянин гуфтааст, чунин тарҳҳо ояндаи бузург доранд. Дар ғарб барои ақаллиятҳои миллии муҳоҷир нашрияҳои вижа зиёд чоп мешавад. Чунин рӯзнома раҳнамои муҳоҷир, василаи равобит бо мардуми кишвар ва ҳам китоби саримизист.

Ин дар ҳолест, ки муаллифони нашрияи «Рӯ ба шарқ» гуфтаанд, ибтикори аз муҳоҷирон тоза кардани бозорҳо аз суи мақомот, пиёдасозии тарҳи хабарииро тақрибан зери суол бурд, вале рӯзҳои ахир маълум шуд, ки нашрия ҳаводор пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG