Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаҳои Нобел ба сиёсат ворид мешаванд


Ду барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел - хонум Ригоберта Менчу аз Гватемала ва Муҳаммад Юнус аз Бангладеш ба таври ҷудогона эълон карданд, ки вориди саҳнаи сиёсӣ мешаванд.


Хонум Менчу гуфт, ки ният дорад, дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвараш соли ҷорӣ иштирок кунад. Вай соли 1992 ба хотири муборизааш барои ҳуқуқи коргарон соҳиби ҷоизаи Нобел шудааст.


Муҳаммад Юнусро ҳамчун муассиси аввалин бонки бечорагон дар Бангладеш соли гузашта бо ин ҷоизаи мӯътабар қардонӣ карданд. Вай дирӯз оид ба таъсиси ҳизби "Нагарик Шакти" ва ё "Нирӯҳои шаҳрвандон" изҳорот пахш кард.
XS
SM
MD
LG