Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосил шудани тавофуқ барои бозгашти дубораи Роман Продӣ


УХ

Раҳбарияти эътилофи чапгарои Итолиё ба тавофуқ расиданд, ки бозгашти Романо Продиро ба вазифаи нахуствазирӣ пуштибонӣ хоҳанд кард. Роман Проди рӯзи чоршанбе, баъди нокомиаш дар палатаи болоии Сенат барои қабули барномаи афзоиши шумори нирӯҳои низомии Итолиё дар Афғонистон ва тавсеаи пойгоҳи низомии Амрико дар қаламрави кишвараш хати истеъфоро ба раиси ҷумҳурӣ кишвараш таслим кард. Ҳамакнун раиси ҷумҳури Итолиё Ҷорҷио Наполитано бояд тасмим гирад, ки аз Продӣ ва ё раҳбари дигар таъсиси эътилофи навро тақозо кунад ва ё таърихи баргузории интихоботи навро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG