Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро 23-и феврал


Ба номи Худованд.

Ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам,
Бар Ватани худам посбон мешавам.

Воқеан имрӯз, ки рӯзи ҷашни нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор мегардад, банда ба тамоми ҷаҳононе ки имрӯз амнияти тамоми миллатро бар дӯш доранд, боз ҳам сабру субот орзу дорам, бигзор, ки ҳамеша бо қувваоҳи ботини хеш душманонро сарнагун созанд.

Шеъре ки дар боло ба таври нопурра оварда шудааст, ин як байтест, ки 99 дарсади фарзандони Тоҷикистон аз хурдсолӣ медонанд. Хусусан фарзандони зиёиёни кишвар ва мансабдорон. Локин мутаассифона, имрӯз боз дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ягона ҳамон афроде мебошанд, ки аз табақаи саввуми ҷомеаи мо, ин далолат ба сатри аввали шеър мекунад. Сатри дуввуми шеър чунин далолат мекунад, ки ба ватани худам посбон мешавам, на ин ки ба замини командир деҳқон. Ва идомааш ин ки аз кори зиёду аҳамияти кам ба фиғон меоям, билоохира рӯ ба фирор оварда, дохили зиндон мешавам.

Намедонам, кай ба ин ҷавонони мо аҳамият дода мешаваду фарзандони боломақомон низ ба ин саф мепайванданд.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
--------------------------------------
Ба назари ман, мебоист як рӯзи дигаре ба ҳайси Рӯзи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузида мешуд. Ин торих рӯзи фармони Ленин дар бораи ташкили Артиши сурх аст ва мо медонем, ки ин артиш дар солҳои 20-и садаи гузашта, хуни ҳазорон тоҷик ва мусулмононро рехтааст. Барои русҳо ид кардани он ба ҳайси рӯзи артишашон шояд муносиб аст, агар аз ҷиноятҳои Артиши сурх пуштибонӣ мекунанд, вале мо, тоҷикон мебоист, як торихи дигареро барои ҷашни нирӯҳои мусаллаҳ интихоб мекардем. Масалан, мешуд, онро ҳамзамон бо Рӯзи ваҳдаи миллӣ -- 27-и июн таҷлил кард, зеро мақсад аз доштани артиш ҳифзи сулҳ ва тамомияти кишвар аст.

Аммо агар таърихчиёни мо ҷустуҷӯ кунанд, шояд торихҳои дигаре меёбанд, ки ба таҷлили рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муносибтар бошад. Мо ягона кишвари собиқ шӯравӣ ҳастем, ки чунин идро ҳамзамон бо Русия ҷашн мегирем.

Бо эҳтиром
Ашӯр Назарзода
-------------------------------------
Воқеан чунин аст. Бигзор рӯзи шикасти Маҳмуд Худойбердӣ(?) аз муҳофизони ватанамон ба таври рамзи рӯзи артиши миллӣ қабул гардад.
Аз ҷониби дигар санаи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи миллии мо шояд худи ҳамин рӯз бошад?

Коно
---------------------------------------
Интихоб шудани ин рӯз ҳамчун рӯзи артиши Тоҷикистон нишонгари он аст, ки ҳанӯз мо ва роҳбарони гиромиямон аз банди Русия озод буда наметавонем. МУТААССИФОНА!!!!!

И.И.
--------------------------------------
Нигаҳ кун бадҚин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ ки меҳан ба душман диҳем.

Рӯзи Артиши Миллӣ ба ҳама аҳли ватани азизам фархунда бошд! Неруҳои мусаллаҳи моро дар шуҷоъат ва ҷавонмардӣ пайравии мадрасаи размандагии масъудӣ бояд. Равони поки сипаҳсолори бузург Масъуди азиз дар осмонҳо ҳамнишини қудсиён бод.

Муҳаммад Вафо
---------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG