Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои дуздии муҳоҷирҷаллобон


- Ман ҷустуҷу карда фаҳмидам, ки ҳамин роҳҳо ҳаст, ки ҷамъ мекунанд даҳ-понздаҳ одамрову баъд автобус ташкил мекунанду ҳамин автобус ба кадом минтақа бихоҳӣ ба ҳамон минтақа бурда мерасонад. Ба ҳамин тариқ мо суроғ кардем, ёфтем ва ба роҳ баромадем...

- Яъне шумо миёнрав ё роҳбаладҳоро пайдо кардед?

- Бале, мо ду кас будем ва дар Хуҷанд шарикам рафта пайдо кард онҳоро...

- Вақте, ки шумо бо роҳбаладҳо е миёнравҳо суҳбат кардед, онҳо ба шумо чӣ гуфтанд, чӣ ваъдаҳо доданд?

-Ваъдаҳои нағз доданд, гуфтанд, ки чӣ хел хоҳӣ ҳамон хел бурда мерасонем, озод, бе мушкилӣ.

- Онҳо ба ваъдаи худ вафо карданд?

-На! Дар Хуҷанд ваъда доданду вале баъди аз марзи Тоҷикистон берун шуданамон ин ваъдаҳо тамоман фаромуш шуд.

-Марзро чӣ тур гузаштед? Вақте, ки шумо аз Тоҷикистон ба Узбакистон ворид шудед, марзбонҳо шуморо боздошт накарданд?

- Мо омадем посгоҳ қатӣ нагузаштем, роҳҳои чап қатӣ гузаштем. Омадем ба сарҳади Тоҷикистону Узбакистон хона ба хона , куча ба куча, роҳҳои дуздӣ қатӣ. Моро гузарониданд. Ба назарам, ҳам роҳҳои дуздӣ буду ҳам ошкор, чунки дар сарҳад марзбонҳои силоҳбадаст гуё чизе нашуда бошад, сигор дар даҳон руяшон тарафи дигар меистоданд. Мо паҳлуи онҳо қатӣ тезтар гузаштему рафтем. Дар ин роҳ дар дили ҳар яки мо тарсу ваҳм пайдо мешуд, ки моро манъ кунанду баранд ба Узбакистон... Кӣ он ҷо баъд моро халос мекунад?. ..

- Вақте, ки шумо ба Узбакистон гузаштед, мушкилтарин нуқта куҷо буд, шумо аз ҳама бештар дар куҷо азоб кашидед?

- ( Оҳ мекашад). Умуман ҳамин роҳ аз аввал то ба охир мушкил буд. Мушкилӣ дар он буд, ки вақте, ки мо ба наздикии Черняевка расидем , ҳоло марзро нагузашта вақти дар ҳудуди Узбакистон будан моро бурда дар як хона фароварданд. Аз соати чори нимирузӣ то соати 9-10-и шаба ҳамон ҷо мунтазир шудем. Моро дар руи ҳавлӣ ранги дузд нигоҳ доштанд.

- Дар руи ҳавли?

-Бале , дар руи ҳавлӣ.. Ба хона моро ҳеҷ касс роҳ намедод. Ба мо ягон кас сухани хуб, сухани нек намегуфт, балки як шарики мо ташна монда як қатра об пурсид. Соҳиби хона як қатра об ҳам надод! Вақти ба он ҷо расиданамон аввал мо чор нафар будем. баъд то соати даҳ-ёздаҳи шаб дар ҳар ним соат чор кас, хашт кас ва е даҳ кас илова мешуданд. Ҳама мусофирони тоҷик буданд. Умуман то соати даҳи шаб як чил-панҷоҳ нафар шудем. Тавре, ки гуфтам, ҳарчанд тамоми роҳ мушкил буд, вале мушкилтарини мушкилҳо дар марзи Узбакистону Қазоқистон буд. Азоби зиёда дар ҳамин ҷо кашидем. На танҳо ман ҳама азоб кашиданд. Чӣ тавре гуфтам, дар он ҷо чил-панҷоҳ одам буданд, ки дар байни онҳо кудаки хурдсол ҳам буду пири солхурда ҳам. Аз ҷумла, як пирзане ҳам буд, ки шабона вақти аз замини пахта гузатан ва то расидан ба заҳбур, ин занак чандин бор афтод. Замин лой, торикӣ... пеши пойатро намебинӣ, чуқурӣ, пастиву баландӣ... Чандин бор ман ба ин занак ёрӣ расонидам ва борхалтаашро гирифтам. Бо чунин душворӣ мо ба заҳбур расидем ва бояд аз он мегузаштем. Як тарафи заҳбур Узбакистон ва тарафи дигараш Қазоқистон будааст. Бисёриҳо заҳбурро дида сахт тарсиданд, ки аз ин чӣ тавр мегузашта бошанд, чунки бари заҳбур 7-8 метр буд. Болои он сими ғафс баста ба он кроватҳои ғилдиракдор пайваст карда буданд. Болои кроват ду одамро савор карда, бо сим сар медоданд. Кровати ғилдиракдор ғир-ғир карда, ба он тараф рафта мерасид. Ҳамин ҷо агар зане ё писарбачае битарсаду ҷунбуҷуле ё ҳарақате беҷо кунад, мумкин аз кроват афтад. Тагаш чуқурии заҳбур-даҳ дувоздаҳ метр, агар ғалтӣ зинда намемонӣ... шукри худо, ки ягон кас нағалтид, лекин ду- се руз пеш аз гузаштани мо зане аз болои кроват ба даруни об ғалтида будааст. Вақте, ки мо ба хоки Қазоқистон гузаштем, моро дар назди як молхона ҷамъ карданд... Буи молхона..., умуман дар ин ҷо мо якуним руз дармондем. Шаб дар кати руи ҳавлӣ , ки чизе надошт, дароз кашидем, вале хоб намебурд. Бар илова намемонанд, ки аз хона берун бароӣ ва ягон пора нон ёфта хурӣ, ки гурусна намурӣ...

-Бигуед, ки бори дигар бо чунин роҳҳо омаданӣ хастед?

-Ҳаргиз на! Ҳаргиз ман ин корро дигар намекунам, чунки дар муддати 6 рузе, ки аз Душанбе то Алмаато сафар кардам, 120 доллар сарф кардам. Инаш як тараф, лекин дар ин роҳ азоби гура кашидам. Дигар бо ин роҳ худам ҳам намеоям ва ба дигар касон ҳам гуфтаниам, ки мабодо бо касоне, ки ин корҳоро ташкил мекунанду ваъда медиҳанд, ки бо роҳҳои хубу бо роҳҳои озод бурда мерасонанд, ин ҳамааш дуруғ. Ин роҳ роҳи хатарнок, роҳи чиноят, одами гумроҳ бовар мекунаду ба ин роҳҳо меравад.
XS
SM
MD
LG