Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: "Ватандор" - созмони ғайриқонунист


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба изҳороти хабарнигор Додоҷони Атовулло дар бораи таъсиси ҷунбиши "Ватандор" посух дод.
Дар баёнияи сафорат, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, изҳорот дар бораи ҷунбиши нав чун "амали тарҳрезишуда ба хотири раҳгум сохтани ҷомеъаи кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, таҳрифи вазъи аслии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва талоши дар зеҳнҳо пайдо шудани тасаввур дар бораи неруи нави мухолифи ҳукумат" арзёбӣ шудааст. Дипломатҳои тоҷик изҳороти Додоҷони Атовуллоро дасисае унвон кардаанд, ки ҳадафаш, "намоиши фаъолияти, ба истилоҳ, дигарандешии хабарнигор дар назди гурӯҳҳои сармоягузор аст".
Муаллифони баёния навиштаанд, "Додоҷони Атовуллоро наметавон муборизи манфиатҳои мардум хонд, зеро ӯ, ягона тоҷике буд, ки моҳи ноябри соли 1998 ошӯб ва куштори садҳо сокинони осоиштаи вилояти Суғд аз сӯи мусаллаҳони Маҳмуд Худойбердиевро ҷонибдорӣ карда буд".
Дар робита ба ҷунбиши "Ватандор" сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо такя ба ниҳодҳои давлатӣ гуфтааст, ки ин гуна созмон аслан вуҷуд надорад, зеро он на дар Русия, на дар кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ва на дар ягон кишвари хориҷӣ сабти ном нашудааст.
Ва аммо Додоҷони Атовулло - сардабири нашрияи Чароғи рӯз ва яке аз муассисони ҷунбиши "Ватандор" дар сӯҳбат бо мо баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русияро "талоши худсафедкунии дипломатҳои тоҷик дар назди ҳукумат номид" ва афзуд, бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ифротгаро ва ҳамнишини афроди муттаҳам дар терроризм мехонанд.
Аввали ҳафта Додоҷони Атовулло дар бораи таъсиси ҷунбиши "Ватандор" - як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин нави ниҳоди сиёсӣ "тағйир додани зиндагӣ дар Тоҷикистон аз роҳи тағйир додани ҳукумат" аст, зеро "ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон наметавонад, ки кишварро аз вартаи бисёр амиқи ҳам фарҳангӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ берун кашад".
XS
SM
MD
LG