Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандаров ба маҳбаси умумӣ интиқол ёфт


Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, сабаби интиқоли Муҳаммадрӯӣ Искандаров аз тавқифгоҳи муваққат ба маҳбас ҳалли ниҳоии баъзе аз масоили баҳсӣ ва хатми комили раванди муҳокимаи додгоҳии нафари маҳкумшуда мебошад. Ӯ гуфт, нисбати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров баъзе масоили ҳалношуда вуҷуд доштанд ва ба сабаби пурра ҳал шудани ин масъалаҳо ба муассисаи ислоҳӣ гузаронида шуд.


Маҳмадрӯзӣ Искандаров - раиси маҳбуси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки Додгоҳи олӣ ӯро ба бисту се соли зиндон маҳкум кардааст, ахиран аз тавқифгоҳи муваққати Вазорати адлия ба маҳбаси шумораи саввуми пойтахт интиқол ёфт. Раҳматулло Валиев, муовини ҷаноби Искандаров дар ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, тӯли як ҳафта бояд табибон саломати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ташхис кунанд ва сипас барои пайвандони ӯ имкони мулоқот ва дидор пайдо мешавад.


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар тирамоҳи соли 2005 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳоми талоши ташкили табаддулоти давлатӣ, анҷоми амали террористӣ, сӯистифода аз мақоми хидматӣ, сирқати амволи давлатӣ ва бо худгардонидани муҳофизони ғайриқонунӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда то ба ин авохир дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳ дошта мешуд. Масъулини ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нигаҳдории тӯлонии пешвои худ дар тавқифгоҳро ғайриқонунӣ шуморида борҳо ба ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат карда буданд.


Ҳамакнун, бо тағйири шароити нигаҳдорӣ минбаъд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров имконоти бештари робита бо пайвандонро пайдо карда ҳамчунин барои дарёфти ғизо, либос, нашрия ва маҷаллаҳо барои ӯ мавонеъ гузошта нахоҳад шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG