Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмонов бо мақомоти интизомӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар дидори худ бо мақомоти вазорати корҳои дохилаи кишвар аз онҳо қотеъона тақозои муборизаи ҷиддӣ алайҳи фасоду ришватситонӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қонуншиканиҳо намуд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин мулоқот ҷинояткории созмон ёфта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва одамфурӯширо аз хатароти ҷиддӣ дар баробари ҷомеа донист. Бо таваҷҷӯҳ ба ин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати садоқатмандонаю риояти қатъии қавонинро аз масъулини нави идораҳои вазорати умури дохила хостор шуд ва таъкид намуд, ки дар ин самт дар ояндаи наздик бояд таҳаввулоти назаррас сурат бигирад. Ин дар ҳолест,ки соли гузашта дар мулоқоти худ бо мақомоти интизомӣ
Эмомалӣ Раҳмонов аз фаъолияти ниҳодҳои интизомии кишвар интиқод ва ба хусус кормандони бахши бозрасии нақлиётиро ба фасодазадагӣ муттаҳам намуда буд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG