Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи нави Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон


hl

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сомона ё пойгоҳи интернетии худро бо се забон: тоҷикӣ, инглисӣ ва русӣ роҳандозӣ кардааст.


Игор Сатторов, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон зимни муаррифии ин сомонаи интернетӣ гуфт, дар ин пойгоҳи интернетӣ маълумоти мукаммал дар мавриди Тоҷикистон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва тарҳҳои сармоягузорӣ ва зарфиятҳои Тоҷикистон қобили дарёфт аст. Ба гуфтаи оғои Сатторов, дар ин пойгоҳ тарҳҳои иқтисодӣ ва барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энержӣ низ ҷой хоҳанд дошт.


Игор Сатторов гуфт, дар матолиби ин сайт ба сиёсати иқтисодӣ ё дипломатияи иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шудааст. Ӯ гуфт, ин масъала яке аз мавзӯъҳои аслии сомонаи интернетии Вазорат аст, зеро ин масъала яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.


Ӯ гуфт, ин сомонаи интернетӣ аслан ё умдатан барои атбои хориҷӣ пешбинӣ шуда ва муроҷеъин метавонанд маълумоти комил дар мавриди Тоҷикистон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва шароити хусусан сармоягузорӣ ва ширкат дар барномаҳои иқтисодиро пайдо кунанд. Ин пойгоҳ дар шабакаи ҷаҳонии интернет таҳти унвони www.mfa.tj қобили хондан аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG