Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Аммо ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон назар ба содироташ ба таври маъмул бештар будааст. Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд: «шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Русия, Қазоқистон ва Узбакистон мебошад ва бо давлатҳои хориҷи дур мо бештар бо Недерландия, Туркия ва Итолиё ҳамкорӣ доштем. Бо Недерландия дар моҳи январ ҳаҷми тиҷорат қариб 80 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ғолибан алюминиум аст.»




Дар моҳи январи соли равон Тоҷикистон ба маблағи 11 милион доллар, яъне 1 миллиону 200 000 доллар назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар пахта содир кардааст. Ва ин дар ҳолест, ки имсол баҳои тоннаи пахта 83 доллар коҳиш ёфта, як тонна пахтаи Тоҷикистон а кнун бо қимати 1039 доллар ба фурӯш мерафтааст.




Иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, дар сурати дар дохили кишвар ба роҳ андохтани коркарди пахтаи хом фоидаи Тоҷикистон аз пахтакориаш метавонист ба маротиб биафзояд: «Ин даромади Тоҷикистонро аз ҳар тонн пунба дар ҳудуди понздаҳ бист маротиба зиёд менамуд. Ин ҳам ҷойи кор барои мардум, пешрафти саноеъ ва ҳам ҳузури бисёри васеъ дар бозорҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд.»




Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамин ҳол мегӯяд, як барномаи рушди содироти Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки роҳҳои кам кардани воридот ва афзудани манобеъи содиротии кишварро пешбинӣ мекунад. Тибқи ин барнома дар назар аст, ки бо истифода аз сармоягузориҳои хориҷӣ ва роҳандозии корхонаҳои нави тавлидотӣ анвоъи қобили рақобат ва бозоргири маҳсулот дар Тоҷикистон тавлид ва ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод шаванд.




Ба гуфти Ғафурҷон Расулов бо ин роҳ метавон зимни уфту хези баҳои маҳсулот хисороти пешомадаро ҷуброн кард: «Колоҳои ба рақобат тобовар тавлид шаванд ва ин колоҳо ба кишварҳои хориҷа содир шаванд. То ин ки мо тавонем аз ин маҳсулот даромади бештар ба даст орем.»
Аммо дар ҳоли ҳозир наздики 80 дарсади содироти Тоҷикистон ҳамчунон аз ҳисоби фурӯши алюминиум ва пахта ва он ҳам дар шакли маҳсулоти хом ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG